Як "шарт"-и Аврупо барои идомаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
10:01 / 2024-12-20

Як "шарт"-и Аврупо барои идомаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

"Иттиҳодияи Аврупо дар сурате ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод, ки шароити озодии баён дар кишвар таъмин карда шавад." Петер Буриан, намояндаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе гуфт, ки ин мавзуъро бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштааст.

Нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ аз поинравии нишондодҳои озодии баён дар Тоҷикистон дар чанд соли охир интиқод мекунанд. Вале мақомот мегӯянд, қонунҳои кишвар озодии баёнро кафолат додааст ва касе дар пайи зарба задан ба расонаҳои озод нест.

Петер Буриан ҳангоми муаррифии барномаи нави Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, интизор меравад, дар се соли оянда сохторҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон ҳудуди як миллиард евро сармоягузорӣ кунанд. Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Буриан, ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо ба риояи арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла муқаррароти демократӣ ва озодии баён аҳамияти хос медиҳад.

"Ман ба онҳо гуфтам, ки тибқи таҷрибаи мо ба нақши расонаҳои хабарӣ, бавижа, расонаҳои мустақил аҳамияти муҳим қоил ҳастем. Зеро расонаҳо манбаи асосии иттилоъ барои аҳолӣ ҳастанд. Ҳамчунин расонаҳо дар мубориза бо терроризм нақши муҳим мебозанд. Ба ин далел, дар мулоқот дар ин бора зиёд сӯҳбат мекунем," - афзуд Буриан.

Ин намояндаи Иттиҳоди Аврупо гуфт, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа коҳиши нақши расонаҳоро мушоҳида мекунанд. Петер Буриан ҷузъиёти мулоқоташро бо мақомоти тоҷик ошкор накард, танҳо гуфт, мавзӯи аккредитасияи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла кормандони бахши Тоҷикии Радиои Озодиро бо мақомот баррасӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳашт хабарнигору кормандони дигари Радиои Озодӣ бинобар надоштани иҷозатномаи кор аз сӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аз идомаи фаъолият маҳрум мебошанд.

Ду нафари онҳо хабарнигороне ҳастанд, ки нав қабул шуданд ва панҷ тани дигар мунтазири тамдиди аккредитатсияи худ ҳастанд. Як нафар аз соли 2017 мунтазири тамдиди иҷозатномаи кор аст. Аз моҳи июни имсол наворбардор Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ) низ аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд.

Бо ин ҳама бархе дар Тоҷикистон ба иҷро шудани гуфтаҳои Петер Буриан, намояндаи Иттиҳоди Аврупо чандон хушбин нестанд.

Наҷмиддини Шоҳинбод, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин изҳорот тӯли 30 соли ахир пайваста садо медиҳанд, аммо иҷро намешаванд.

Ӯ афзуд, "соли 1993, сипас соли 2007 ва боз тақрибан ҳамасола Иттиҳодияи Аврупо ба зарурати таъмини озодии баён таъкид мекунад. Аммо, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон тағйир намеёбад. Дар мавриди гирифтани аккредитасияи хабарнигорон бояд бигӯям, ки ин амр харидории мошин ё ҳавопаймо нест, он бояд дар тӯли як рӯзи музокирот ҳал шавад, на ба дарозо кашад".

Мушкили гирифтани аккредитатсия дар Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонӣ интиқод шудааст. Чанде пеш Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз низоми додани аккредитатсия танқид кард ва гуфт, "набояд аккредитатсия ҳамчун василаи назорати хабарнигорон истифода шавад".

Бархе таҳлилгарон дар Тоҷикистон умедворанд, ки бо тақозои созмонҳои байналмилалӣ ин мушкил метавонад ҳал шавад.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, "ҳалли мушкили озодии баён дар Тоҷикистон дар ҷараёни як сафар ҳаргиз ҳал нахоҳад шуд, барои расидан ба ин амр замони бештар зарур аст. Аммо Иттиҳодияи Аврупо тавассути фишорҳо ба мақомоти тоҷик, аз ҷумла, дар заминаи сармоягузорӣ, метавонад ин масъаларо базудӣ ҳал кунад".

Тоҷикистон, ки чанд соли охир дар шохиси созмони Гузоришгарони бидуни марз дар миёни кишварҳои "ноозод" қарор мегирад, бо сабаби сензураи матбуоти интернетӣ, фишор болои журналистон, баста шудани расонаҳо ва тарки кишвар кардани хабарнигорон аз миёни 180 кишвар дар мақоми 161-ум ҷой гирифтааст. Дар як соли охир нишондодҳои ин кишвар якбора 12 зина поин фаромадааст.

Вале мақомот мегӯянд, дар кишвар озодии фаъолияти расонаҳо таъмин аст ва баъзе кӯшиши онҳо пешгирӣ аз иттилооти бардурӯғ ва бадномкунанда аст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва хабаргузорӣ фаъол аст. Аммо нозирони умур мегӯянд, бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкорои камбуди ҷомеа парҳез карда, "бештар машғули таблиғи дастовардҳоянд".​

https://www.ozodi.org/a/visit-peter-burian-eu-special-to-tajikistan/30173155.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима